07 Октябр 2026
Фаъолияти шоистаи роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, масъулини ситоди шаҳрӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳо ва дарки баланду масъулияти ватандории падару модарон буд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пеш аз мӯҳлат дар рӯзҳои аввали даъват сад фоиз иҷро гардид. Фарзандони далеру шуҷои шаҳр бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, амалан собит намуданд, ки барои ҳифзи Ватан омодаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти рақами 1221 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд як қатор тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ бо саҳмгузории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 30 нафар даъватшавандагони шаҳри Хуҷанд мактаби ронандагии ТММ-и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, ройгон соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гардида, ба хизматӣ ҳарбӣ сафарбар шуданд. Беш аз 20 хизматчиёни давлатӣ низ масъулияти баланд нишон дода, фарзандони хешро бо амри дил ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарони азиз ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон хизмати содиқонаву бобарор таманно менамояд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







