05 Октябр 2026
Соҳибони забони ноби тоҷикӣ!
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 35-умин солгарди онро тантана карда истодаем, барои давлатӣ намудани забони модарии мо асоси воқеӣ гаштааст.
Агар 22-юми июли соли 1989 Қонуни забон қабул шуда бошад, он барои рушд ва ҳимояи забони тоҷикӣ асос гузошт ва 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо ба тасвиб расид ва амалӣ шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолат ва ҳастии забони модарии мо таъкид доштаанд, ки «Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст. Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омўзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрўз идома дода истодааст».
Бешак, барои ҳар яки мо донистану ғанӣ гардонидани забони модарӣ баробар бо маънои эҳтиром гузоштан ба Миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр аст.
Ҳадаф ва мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми тадбирҳои расмии ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланд бо забони гуворои тоҷикӣ ҳарф мезананд, таклифу пешниҳоди Тоҷикистонро ба ҷаҳон бо забони модарии хеш ироа медоранд, ки боиси ифтихори мо - соҳибзабонон аст.
Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр эълом шудааст. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли мардуми Хуҷандшаҳрро шодбод гуфта, орзу мекунам, ки ҳар фард минбаъд низ барои рушди забони давлатӣ, тозаву беолоиш нигоҳ доштани он талош меварзад. Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгўиву ғалатнависӣ хотима бахшем». Воқеан, дар назди мақомоти иҷроияи шаҳр Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал мекунад ва аз раванди ҳуҷҷатнигориву мактубҳои расмӣ, шиору овезаҳо дар қаламрави шаҳр назорати пурзўр дорад.
Тантанаи Рўзи забони давлатӣ яке аз омилҳои мубораки ифтихори миллӣ дар даврони истиқлолият маҳсуб мееёбад. Дар ин рўз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон мекунем ва роҳи пуршебу фарози забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то аз бурду бохти таърихи забони модарии хеш сабақ омўзем.
Забони модарии мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.
Рўзи гиромидошти забони давлатӣ - забони тоҷикӣ ба ҳар фарди миллат муборак бод!







