03 Октябр 2026
Касби омӯзгорӣ ба монанди нурест, ки чашми хиради шогирдонро равшан менамояд ва роҳи онҳоро дар ҳаёт бо нури ақлу маърифат мунаввар мегардонад.
Ӯ танҳо касест, ки бо заҳмату талошҳои пайваставу беғаразонаи худ ба шогирдон хирад омӯхта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ба онҳо роҳнамоӣ менамояд.
Усмонова Гавҳар Тоҷибоевна аз зумраи омӯзгорони шинохта, соҳибтаҷриба, номвару соҳибмактаби шаҳри Хуҷанд мебошад, ки беш аз 35 сол инҷониб ба тарбияи насли наврас машғул аст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бенуқсони муаллимаро дар самти таъхлиму тарбияи насли наврас ба назар гирифта, чанде қабл мавсуфрр бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ намуд, ки Гавҳар Усмонова сазовори ин мукофоти соҳавӣ ҳастанд.
Ба қавли бузургони роҳи илму маърифат, омӯзгор муҳандиси руҳи инсон аст. Ба гунае, ки муҳандис кореро нақшабандию тарҳрезӣ менамояд, омӯзгор низ аз рӯзи аввал ба шогирдон илму адаб меомӯзад ва онҳоро бо таълиму тадрису тарбия ба ҳаёти оянда омода месозад.
Дар тӯли 35 соли собиқаи кории хеш Усмонова Гавҳар Тоҷибоевна садҳо шогирдонро ба камол расонида, дарси одамият, дарси хулқу атвор омӯхта истодаанд.
Муаллима аз соли 1992 то ба имрӯз омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ №5 ба номи “З0 солагии Тоҷикистон” кору фаъолияти пурсамар мебаранд.
Нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборак бошад, муаллимаи арҷманд!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







