02 Октябр 2026
ОМӮЗГОР ҲОДИИ ДОНИШУ АДАБИ ШОГИРД АСТ
Устодони гиромӣ, муаллимону собиқадорони соҳаи маориф!
Ҳамасола дар оғози моҳи октябр дар қаламрави кишварамон Рўзи омўзгор ҳамчун рўзи бузургдошти муаллим ва заҳмати шаборўзии ў эътироф шудааст.
Ба ин муносибати фархунда мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр чун ҳамасола бо мақсади арҷ гузоштан ба хидмати муаллим Рўзи омўзгорро бо баргузории силсилаи чорабиниҳо тантана мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда, ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суҳбатҳояшон изҳор доштанд, ки “Омўзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрўзу фардои ҳар кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобастагии калон дорад. Хиради омўзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омўзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омўзгор аз тарафи ҳар фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омўзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад».
Дарвоқеъ, муаллим, пеш аз ҳама, афрўзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим баробари омўзонидани илму дониш, ҳамзамон, омўзонидани одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рости зиндагӣ мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад, - гуфтанд Пешвои миллат, дар идомаи сўҳбат.
Бо ташаббус ва иқдоми ояндабинонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шумо - муаллимону омўзгорон дар сатҳи қонун бардошта шуд. 17-уми декабри соли 2025, таҳти №2215 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омўзгор” бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки ўҳдадориҳои омўзгорро танзим менамояд.
Минбаъд ҳам омўзгор ва ҳам шогирд аз ин қонуни ояндасоз бархурдор гардида, воқеан мақоми муаллимро ба шоистагӣ боло мебардоранд.
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд устодон, муаллимону мураббиён ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро бо Рўзи омўзгор табрику таҳният мегўям.
Бароятон саломативу барори кор, хуррамиву осудагии ҳол, хонаи обод, ифодаи масъулияти баланд дар иҷрои ўҳдадориҳоятонро таманно мекунам.
Рўзи гиромидошти муаллим, мураббӣ ва устод муборак, ҳамдиёрони азиз!







