22 Сентябр 2026
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури васеи хонандагон, омўзгорон ва муассису роҳбарияти дабистон чорабинии таълимию фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ–султони шоирон баргузор гардид.
Хонандагон шеъру гуфторҳоро аз абёти тарбиявии Маликушшуаро қироат намуда, саҳнаи ҷолиберо аз рўзгори шоир пешкаши ҳозирин гардониданд. Сурудҳои дилнишин аз ашъори шоир суруда шуд.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22-юми сентябр «Рўзи Рўдакӣ» чун ҷашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад.
Аз хидматҳои беҳамтову безаволи устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, ба мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудаанд. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин андак коре нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазору анд сол ҳам аз ҷиҳати мавзуъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ ба яке аз ҷашнҳои миллии мо табдил ёфт, ки ҳамасола пуршукуҳ гузаронида мешавад.
Сарвари давлат ба ифтихори таҷлили нахустин Рӯзи Рӯдакӣ паёме ба тавсиб расониданд, ки дар он омадааст:
“Имрӯз мо адолати таърихиро барқарор намудем. Ва рӯзи Рӯдакиро ба рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг табдил хоҳем дод. Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷо аст.
Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷик, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мо аст. Шубҳае нест, ки ин ид ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзиву ояндаи тоҷик мусоидат менамояд ва масъулияти онро дар рушду камоли Тоҷикистон меафзояд”.
Муассис ва маъмурияти гимназияи “Ганҷ” ба мазмуни чорабинӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «Рўдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ-ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дўстиву рафоқат, саховат ва накўкориву хайрандешӣ буд. Хизмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ў ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид”.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







