(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд


аз 15.02.2016 с.                                                           №78

Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд

 Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ аз 25 декабри соли 2007, эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (қолинбофӣ, (таблофарш) кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ) ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 январи соли 2016, №45 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016» қ а р о р   м е к у н а м:

1. Дар соли 2016 15 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ ва 5 грант ҳар яке 2000 сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян карда шавад.
2. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҳайати комиссия тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Ба Раёссати молияи шаҳр супорида шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2016 мавҷудбудаи буҷети шаҳрӣ барои маблағгузорӣ намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ба ҳисоби Дастгоҳи Раиси шаҳр, бо назардошти хароҷоти бонкӣ 50250 (панҷоҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.
4. Шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотии грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ барои соли 2016 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Ба Дастгоҳи Раиси шаҳр супорида шавад, ки истифодабарии мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Муродӣ У.Б. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Самадова Б.З. гузошта шавад.


Раиси шаҳри Хуҷанд                                                         Раҷаббой Аҳмадзода




Замимаи 1

бо қарори Раиси шаҳр

аз «__» ___ соли 2016, № __

тасдиқ шудааст


Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ барои соли 2016.
1. Қоидаҳои мазкур бо мақсади дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (қолинбофӣ, (таблофарш) кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ) таҳия гардидааст. Грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба занҳои ҳунарманд ва соҳибкор – шахсони алоҳидаи воқеие, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо бозгӯйи масоили умда буда, ба саҳми арзандаи занон дар рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, фаъолияти соҳибкории онҳо дар ин самт ва сатҳи баланди эҷодӣ мусоидат мекунанд, ҷудо карда мешаванд.
2. Дастгирии грантӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқотҳо бо соҳибкорони ватанӣ, ҳамчунин ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дастуру супоришҳои Раиси вилоят зимни мулоқотҳо бо занони ҳунарманд, аз ҷумла ҳунармандони қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, атласу адрасбофӣ бармеояд.
3. Барои татбиқи фаъолият оид ба дастгирии грантӣ Комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр (минбаъд Комиссия) таъсис дода мешавад.
4. Ҳайати Комиссия бо қарори Раиси шаҳр тасдиқ карда шуда, фаъолияти он мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад. Комиссия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳисоботдиҳанда мебошад.
5. Комиссия вобаста ба соҳаҳо ва минтақаҳо квотаро муайян менамояд.
6.Тартиби ба расмият даровардани лоиҳаҳои дархостӣ ва пешниҳоди иттилооти зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби Комиссия дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад. Лоиҳаҳои дархостии ба озмун пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия дар муҳлати як моҳ баррасӣ мегарданд.
7. Занони ҳунарманд ва соҳибкор – шахсони алоҳидаи воқеии шаҳри Хуҷанд субъектҳои асосии татбиқи фаъолият оид ба дастгирии грантӣ мебошанд.
Дар Озмун танҳо он занҳои ҳунарманд, соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии шаҳри Хуҷанд, ки барои гирифтани як грант довталаб мебошанд ва фаъолияташон ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (қолинбофӣ, (таблофарш) кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ) нигаронида шудааст, иштирок карда метавонанд.
8. Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз эълони озмун дар воситаҳои ахбори омма оғоз мегардад.
9. Иштирокчиёни Озмун лоиҳаи барномаҳоро мутобиқи намунаи дархости муқаррарнамудаи Комиссия, ки дар он шартҳо оид ба пешниҳоди лоиҳаи барномаҳо зикр гардидаанд, пешниҳод менамоянд. Ҳунармандон –соҳибкорон, шахсони алоҳидаи воқеии шаҳри Хуҷанд, ки нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар мақомоти андоз будан, маълумот дар бораи фаъолияти анҷомдодаи соҳибкорӣ, мактуби дастгирии раиси маҳалларо доранд, пешниҳод менамоянд.
10. Комиссия ҳуҷҷатҳоро ба таври инфиродӣ дар муҳлати як моҳ аз лаҳзаи қабул баррасӣ менамояд. Шакли асосии фаъолияти комиссия тариқи ҷаласа сурат мегирад. Қарорҳои комиссия дар шакли протокол расмӣ карда мешавад. Ҷаласаҳои комиссия дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзоёни он комилҳуқуқ ҳисобида мешавад. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳаи барнома на камтар аз 6 моҳ муқаррар карда мешавад. Лоиҳаҳои дархостие, ки тибқи намунаи дархостии муқараргардида таҳия нашудаанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд. Натиҷаи Озмун дар маҷаллаю рӯзномаҳои шаҳрӣ интишор карда мешавад.
11. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи барномаҳои занҳои сохибкор - шахсони воқеӣ, ки ба Озмун пешниҳод шуда, аз он намегузаранд, баргардонида намешаванд.
12. Байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва занҳои ҳунарманд, соҳибкор, шахсони воқеӣ, ки лоиҳаи барномаҳояшон дар Озмун ғолиб меоянд, оид ба татбиқи лоиҳаи барнома шартномаи тарафайн ба имзо мерасад, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешавад.
13. Танҳо 15 дархости беҳтарин маблағгузорӣ карда шуда, маблағи грант бо назардошти воқеии харҷнома муайян карда мешавад. Баъди гузаронидани Озмун ва муайян намудани ғолибони он рӯйхат бо назардошти натиҷаҳо, квотаҳои муқарраргардида ва тавсияҳои мавҷуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод мегардад.
14. Ҷудо намудани грантҳо мутобиқи сметаи хароҷотии пешниҳодшудаи лоиҳаи барнома оид ба иҷрои ин ё он фаъолият сурат мегирад. Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани Озмун ва ҷудо намудани грантҳо, ки тибқи ҳамин қоидаҳо танзим мегардад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муқаррар карда мешавад.
15. Харҷи мақсадноки грантҳои ҷудошуда ва мониторинги онҳо аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр анҷом дода мешавад.


Замимаи 2

бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд

аз «__» ___ соли 2016, №___

тасдиқ шудааст

Ҳайати

Комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии шаҳри Хуҷанд

1. Самадова Б.З.                 - роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр - раиси комиссия;

2. Дадобоева М.О.     - мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - муовини раиси комиссия;

3. Шодибоева М.А.   - сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - котиби комиссия;

Аъзо:

4. Сангинова Д.А.      - директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ;

5. Дадобоев М.М.      - роҳбари маркази иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳр;

6. Исматҷонов Б.Ҳ.    - мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр;

7. Миробидова М.М. - мудири бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр;

8. Алимов У.С.           - мудири шуъбаи иқтисодиёт ва савдои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр;

9. Солиев А.Р.            - мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

10.Маннонов А.С.     - мудири бахши самоягузорӣ ва идораи амволи

давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

11. Калонова Г.Н.      - мудири шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли

аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд;

12. Раҳматов Р.           - сарвари мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд;

13. Нозимова М.Н.    - намояндаи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар вилояти Суғд;

14. Абдуллоева М.Н.- мушовири кумитаи «Имдод»-и Имом Ҳумайнии

Ҷумҳурии исломии Эрон, муаллимаи қолинбофӣ.

Муовинони Раиси шаҳр

Муҳаммадҷонзода М.Т. Муҳаммадҷонзода М.Т. Муовини раиси шаҳр.Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.Соли 1984 Институти ...
Бобозода Т.К. Бобозода Т.К. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри ХуҷандБобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соҳиби маълумоти олӣ буд...
Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Бойматов Р. Р. Бойматов Р. Р. Бойматов Раҳимҷон Расулович. 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 Дон...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти политехникии Тоҷикистонро   бо...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз300
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта429
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3283
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3931
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12508
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16767
mod_vvisit_counterҲамагӣ781947