(3 овоз, миёна 2.67 аз 5)

Муҳтарам Раис, Мӯҳтарам Заробиддин Қудрат, Ҳозирини киромӣ!
Имрӯз моён дар соли пурбарору таърихии таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати рушду такомули истеҳсолот, тарақиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, сайи он дорем, ки ҷашни дар пешистодаро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз гирем.
Кулли сокинони шаҳр ҳамеша ҷонибдори сиёсати Сарвари ботабдири кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои ба дастовардаи се моҳи соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Муҳтарам ҳозирин!
Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар  натиҷа маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ ё 25,6 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 174,3 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 24,0 миллион сомонӣ маҳсулот ба 14 давлатҳои хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он тамоюли афзоиш дошта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Илова бар ин қайд кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ ба 57,3 миллион сомонӣ расонида шуда, саҳми он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, гази табиӣ, истеҳсол ва тақсимоти об) 35,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 166 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 10 адад, ё 6,4 дар сад зиёд шудааст. Ғайр аз ин, дар ин марҳила 6 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шуда, 110 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин шуданд.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти суратбахши истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда дар давраи ҳассоси буҳрони иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ ба монанди: 18 намуд рангҳои намои дохилию берунаи биноҳо, дастпоккунакҳои намнок, маҳсулоти кимёвии шустушӯ, қоғази сафед (картон), 12 намуди масолеҳи сохтмонӣ, дару тирезиҳои чӯбин ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин корхонаҳо асосан бо таҷҳизотҳои истифодаи нерӯи барқашон каммасраф муҷаҳҳаз гардидаанд.
Дар ин давра, барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкилшуда зиёда аз 21,7 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 маротиба зиёд шудааст.
Дар баробари пешравиҳо, ҳоло дар самти рушди соҳаи саноат муамоҳои ҳалталаб ҷой дорад. Имрӯз 26,5 дар сади корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли сипаригашта нарасиданд, ки дар натиҷа ба маблағи 7,2 миллион сомонӣ маҳсулот кам истеҳсол шуд. Инчунин таҳлилҳо собит менакмоянд, ки дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани 44 корхонаҳои истеҳсолӣ ва барҳам хӯрдани 5 корхона зиёда аз 630,0 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид нагардид.
Ғайр аз ин, 5 корхонаҳои саноатии шаҳр, ки бо ашёи хоми ватанӣ  фаъолият мебаранд, 635,0 тонна нахи пахтаро коркард намуда, ҳамагӣ 15,0 фоизи иқтидорашонро истифода бурда истодаанду халос.
Аз ин лиҳоз, сабабу шароитҳои ба амал омада, аз ҷониби мутахассисону масъулин, ҳамаҷониба мавриди омӯзиш фаро гирифта, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуда, он бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ ба миқдори 176,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуда, маблағи пардохти умумии он 23,1 миллион сомонӣ, ё 95,0 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 11,6 миллион сомонӣ, ё 92,8 фоизро ташкил менамояд. Бақияи қарз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Ғайр аз ин, корхонаҳои саноатии шаҳр то имрӯз пурра ба истифодаи сӯзишвории алтернативӣ ва лампаҳои каммасраф фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Муҳтарам ҳозирин!
Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи маблағгузорӣ дар ҳаҷми 37,0 миллион сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд.
Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомонрасида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 5,1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Инчунин дар ин давра ба маблағи 22,4 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 20,3 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Умуман дар се моҳи соли ҷорӣ 3 адад иншоотҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошанд.
Дар шаҳр баҳри бунёд, эҳё ва таҷдиди майдончаҳою толорҳои варзишӣ дар минтақаҳои аҳолинишину маҳаллаҳо, аҳамияти хоса зоҳир гардида, то имрӯз 5 адад майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна сохта ба истифода дода шуданд.
Баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи коммуникатсияи шаҳр дар ин  давра тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 268,9 ҳазор тонна бор ва 10,4 миллион нафар мусофирон кашонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 103,7 ва 104,0 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар самти афзоиши ҳаҷми савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз рӯи ҳамаи шаклҳои фурӯш ва хизматрасонӣ аҳамияти рӯзафзун дошта, чораҳои самаранок андешида дар давраи ҳисоботӣ он мутаносибан бо нархҳои ҷорӣ ба 530,7 ва 230,4 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 10,6 ва 9,8 дар сад боло рафтааст. Дар раванди рушди муносибатҳои иқтисодӣ муомилоти савдои беруна мавқеи хос дошта, нишондиҳандаҳои асосии он дар ин марҳила 59,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он ҳиссаи содирот 5,4 миллион доллар, ҳиссаи воридот бошад 54,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар самти таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, такмили сиёсати   инвеститсионӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 3,2 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 1,7 миллион доллар ва 1,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Баҳри баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии халқ Лоиҳаи инвеститсионӣ оиди “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 5 млн. 940,0 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо риояи талаботҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд азхудкунии маблағ то имрӯз 5193,2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки он 87,0 фоизи маблағи умумии лоиҳаро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии азхудкардашуда 631,3 ҳазор доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар шаҳр ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркаш ва бо пуррагӣ таъмин намудани талаботи шаҳрвандон «Лоиҳа оид ба хариди нақлиёти мусофиркашони умум» таҳия ва пешниҳод гардида, он аз ҷониби Бонки рушди Аврупо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.
То имрӯз гуруҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуда, ба тариқи озмун 121 нафар ронандагон барои идора кардани автобусҳои нави воридшаванда қабул карда шуданд. Ғайр аз ин лоиҳаи 10 адад хатсайрҳои нави мусофирбари шаҳри Хуҷанд тартиб дода шуданд.
Айни замон барои самаранок истифода бурдани иншоотҳои давлатӣ ва ба иҷора додани он чораҳои зарурӣ андешида шуда, он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ бо тариқи музояда 88 адад шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд ва аз ҳисоби ин шартномаҳо ба буҷети маҳаллӣ 178,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Натиҷаҳои ба дастомадаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва чораҳои андешидашуда ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи ҳам буҷети давлатӣ ва ҳам буҷети маҳаллӣ 104,7 фоизӣ таъмин гардад ва он аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 3,9 миллион сомонӣ ва 1,2 миллион сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ ва ҳам маҳаллӣ таъмин шуда истода бошад ҳам, бақияи қарзи андоз ба санаи 1 марти соли 2016 23,8 миллион сомониро ташкил дода, он нисбат ба аввали сол 1,7 миллион сомонӣ кам шудааст. Аз ҷумла, қарзи андози иҷтимоӣ бошад 1,4 миллион сомониро ташкил намудааст. (нисбат ба аввали сол 1,2 (0,7) миллион сомонӣ зиёд шудааст).
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 83,6 фоиз иҷро гардида, 70,2 фоизи он ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф карда шудааст.
Дар ин самт баҳри боз ҳам пурра истифода бурдани имкониятҳои ҷойдошта аз ҳисоби бақияи қарзҳо ва манбаъҳои нави андозбандӣ чораҳои ҳалталаби иловагиро тақозо менамояд.
Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ба масъалаи роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ин ҷода барои корҳои аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар, хобонидани асфалти хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, рангубор намудани бардюрҳои ду тараф ва миёнаҷои роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо ба маблағи 166,7 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.
Дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 379 адад лампаҳои каммасраф, 1100 метр симҳою кабелҳо иваз ва насб карда шуданд. Ҳамзамон 1400 адад симчӯбҳои барқӣ ба бетонӣ иваз карда шуда, фурӯзонакҳои каммасраф насб карда шуданд. Инчунин бинои воқеъ дар хиёбони И. Сомонӣ №20 бо равшанкунакҳои замонавӣ оро дода шуда, дар 22 адад биноҳои баландошёна чароғакҳои ороишии муосир насб карда шудааст.
Ҳамзамон, дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фаввораи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин азнавсозии 50 истгоҳҳо, шинонидани 100 адад нимкатҳо, 40 адад обхуракҳо ва 100 адад қуттиҳои хурди партов ба нақша гирифта шуда, оиди ин самт корҳо идома дорад.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра дар қадди кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 51,0 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 42,1 ҳазор адад гулҳои садбарг ва 3458 дона дарахтҳои сояафкан шинонида шуданд. Инчунин дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 1 миллион дона гулҳои лола ва 3 миллион дона гулҳои ранга шинонида шуда, 18 адад биноҳои истиқоматии баландошёна рангубор карда шуда, даромадгоҳҳо аз таъмир бароварда шуда, дар ин самт ҳоло корҳо давом дорад. Умуман, барои ташкилотҳои соҳаи коммуналӣ барои хизматрасонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 7,2 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Муҳтарам ҳозирин!
Дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум чораҳои мушаххас андешида шуда, дар натиҷа музди миёнаи маоши кормандони хоҷагии халқи шаҳр 951,6 сомониро ташкил дода, қарзи музди маош ҷой надорад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави шаҳр 2910 адад ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки аз он 80 ҷой ба корхонаҳо ва ташкилотҳо таалуқ дошта, 1830 нафар бо патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Айни ҳол, 1009 парвандаҳо барои кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ба маҳзана ворид карда шуда, аз он то санаи 31 марти соли равон бо назардошти соли гузашта 1430 нафар ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шуданд. Маблағи умумии дар ин давра барои пардохти кӯмакпулӣ воридгардида 47,4 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ шумораи нафақахӯрон 16943 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа 282 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки талаботи семоҳаи аввали соли ҷорӣ 15,2 миллион сомониро ташкил дода, маблағи он пурра пардохт карда шудааст.
Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 800 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, 252 нафар чунин эҳтиёҷмандон ба қайди хизматрасонӣ гирифта шуда, ба онҳо хизматҳои тиббии ройгон расонида шуда истодааст. Инчунин 2 нафар шахсони маъюб бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуданд.
Баҳри таъмин намудани хонаҳои пиронсолону бепарасторон ва маъюбон бо маводҳои хӯрока ва пӯшока мехостам қайд намоям, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП-159 ва Амри Раиси вилоят аз 7 майи соли 2014, №65 тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ба муносибати ҷашнгирии Иди Наврӯз дар комплекс кӯдакистон – мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино, муассисаи таҳсилоти томактабии №26-и кӯдакони иллати шунавоидошта, хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбон, хонаи кӯдакон, мактаб-интернати ёрирасон барои кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат ва хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаҳои сарпараст дастархони идона ороста шуда, ҷамъ ба маблағи 13,5 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар арафаи ҳамаи иду айёмҳо дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва комендатураи ҳарбии дар шаҳр ҷойгир буда дастархони идона ташкил карда шуданд.
Мехостам, зикр намоям, ки масъалаи дигари иҷтимоӣ, аз ҷумла, бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолии ниёзманд низ, зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. То ин давра аз заминҳои набунёди маҳаллаҳои 14,15,26 -ӯми шаҳр ба 100 оилаҳои эҳтиёҷманд ба ҳар кадоме 600 м2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар оянда низ, барои 3372 нафар шаҳрвандон, ки ба навбат гирифта шудаанд ҷиҳати таъмини эҳтиёҷи иҷтимоии онҳо барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Дар семоҳаи аввали соли 2016 вобоста ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатию шарикони рушд корҳои босубот амалӣ гаштанд.
Баҳри тарбияи маънавии мардум, тибқи қарори Раиси шаҳр рӯзи панҷшанбеи сеюми ҳар моҳ дар қаламрави шаҳр “Рӯзи ягонаи ахбор” баргузор гардид.
Тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи нақша-чорабиниҳо баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 зикр гардидаанд”  дар тамоми ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, таҳкими нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ба муносибати 23-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар дар шаҳр чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Дар ин давра ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Инчунин тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба ташкили мулоқоту вохӯриҳо дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ҷиҳати сафарбар намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарғиби фарҳанги арзишҳои миллӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, иҷрои Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ гузаронида шуд.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон м¢ҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии ”Корвони Навр¢зӣ” ва “Сайри лола”дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Чорабиниҳо собит сохт, ки сарчашмаи асосӣ сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар буда, чунин иқдом, бешубҳа, ба афзунии баракат мусоидат хоҳад кард.
Инчунин дар назди театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзӣ бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, меҳмонон аз шаҳрҳои  Могилёв ва Свердловск баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 11,0 ҳазор сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Муҳтарам ҳозирин!
Дар давраи сипаригашта ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустӣ корҳои судманд ба анҷом расонида шудааст, ки он барои ҳадафҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ҷиҳати иҷрои Барномаи вилоятии “Соли 2016-соли фарди солим” дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ шиору овезаҳо, гӯшаҳо насб карда шуда, чорабиниҳо, мулоқоту вохӯриҳо баргузор ва тариқи васоити ахбори омма намоиш дода шуданд.
То имрӯз  ба 93 нафар беморон мувофиқи 360 ретсепти имтиёзнок ба маблағи 7,7 ҳазор сомонӣ доруворӣ дастрас карда шудааст. Барои шахсони имтиёзнок дар беморхонаҳои шаҳр ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шудааст.
Таҳлили вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар ҳудуди шаҳр бемориҳои махсусан хатарнок, ба монанди ҳорӣ, сӯхтанӣ, вабо, гулӯзиндонак, қазомуқ ва домана ба қайд гирифта нашудааст.
Умуман, барои таъмири биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи  кӯдакона ва маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил 376,6 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 84 мактабҳо, кӯдакистонҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ 34866 нафар хонандагон ва 9137 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 206 нафар омӯзгорон савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки  ин 47,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки дастаи мактаббачагони шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 37 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардида, 17 нафар хонандагони синфи 11 ҳамчун ғолибони ин давра ба Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо моҳи феврал дар МТМУ №14 баргузор гардид. ки дар он 458 нафар хонандагон аз рӯи 20 бахш иштирок намуда, 86 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гашта, 19 нафарашон ба сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо роҳхат гирифтанд.
Дар арафаи иду айёмҳо ба 47 нафар ятими кулл, 541 нафар бепадар, 323 нафар бемодар, 181 нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат пайваста маводи ғизоӣ, либосворӣ ва лавозимоти хониш кӯмак карда шуд. Дар аксарияти мактабҳои шаҳр барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст.
Қайд кардан лозим аст, ки дар назди 22 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 46 гурӯҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар боқимонда кӯдакистонҳо дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷорӣ карда шудаанд.
Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, аз ҷумлаи қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ, гулпарварӣ қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 январи соли 2016, №45 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии  рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016» ба тавсиб расида, дар соли ҷорӣ 15 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 гранти 5,0 ҳазор сомона, 5 гранти 3,0 ҳазор сомона ва 5 гранти 2,0 ҳазор сомона, барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян карда шудааст.
Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар шаҳр дар давоми се моҳи соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ 491 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 239 адад тӯи арусию домодӣ, 172 адад хатнасур, 52 адад маъракаи чил ва 28 адад маъракаи сол гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи санҷиши тӯю маъракаҳо дар 4 ҳолат қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, маводҳои қонунвайронкунӣ барои чораандешӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шудааст.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби корхонаву муассиса ва шахсони саховатманд хатнасури хайриявии 24 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Баҳри рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш аз санаи 5 то 31 январи соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2016» байни бачагони соли таваллудашон 2003-2004, 2001-2002 ва 1999-2000 дар майдончаи варзишии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1”-и шаҳри Хуҷанд ва аз санаи 5 январ то 17 январи соли ҷорӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футбол барои дарёфти мукофоти ширкати сохтмонии «Равзана» байни наврасони синну соли 1998-1999 ва 2000-2001 дар варзишгоҳи “Лочин” баргузор гардид.
Дар давраи таътили зимистона мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди чавгонбозӣ байни писарон ва духтарони синну соли 2003-2005 дар майдони чавгонбозии шаҳри Хуҷанд,  мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди баскетбол дар толори варзишии МТМУ №3 баргузор гардид. Ҳамчунин мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди бокс байни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 ва 2004-2005 дар толори варзишии “Ҷашнӣ” баргузор гардид.
Инчунин дар ин давра якчанд мусобиқаҳои вилоятӣ гузаронида шуд, ки дастпарварони шаҳри Хуҷанд сазовори 9 адад медали тилло, 2 адад медали нуқра, панҷ адад медали биринҷӣ гардиданд.
Муҳтарам ҳозирин!
Бо мақсади саривақт иҷро гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 марти соли 2016, №649 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ» дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, комиссияи шаҳрӣ оид ба назорат аз рафти даъвати баҳорона ташкил карда шуд.
Дар баробари ин қайд кардан ҷоиз аст, ки баҳри густариши корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар моҳи марти соли равон волидайни сарбозон ба қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд. Падару модарон ва масъулин бо афсарону аскарон вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида, аз шароити зист, ҷойи хоб, шароити иҷтимоии қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Рафти иҷрои ин маърака аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо баҳри дар муҳлати муайянгардида таъмин намудани нақшаи даъвати баҳорона кашолкориҳо ҷой дорад, ки онро мо бо масъулияти баланд бояд бартараф намоем.
Дар давоми се моҳи соли 2016, 1572 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 163 адад зиёд аст. Аз теъдоди умумии аризаҳои бақайдгирифта 121 ададашон таҳти назорат қарор гирифта шуданд.
Асосан шаҳрвандон дар номаҳои худ вобаста ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 694 адад, гирифтани замин барои сохтмон 165 адад, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 143 адад, гирифтани манзили истиқоматӣ 89 адад, таъмир ва сохтмони манзил 47 адад, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин 52 адад, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 37 адад, сафари ҳаҷ 136 адад, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 55 адад, ҳуқуқӣ ва баҳси оилавӣ 16 адад ва 138 адад масъалаҳои гуногун муроҷиат амуданд.
Аз шумораи умумии аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон ба унвони Раиси шаҳр 177 адад тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла 24 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 адад прокуратураи шаҳрӣ ва 1 адад прокуратураи шаҳри Гулистон ва 3 адад муроҷиат аз ҷониби иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар ворид гардиданд, ки ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ ва иҷро гардиданд.
Дар самти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба иҷро расонидани барномаҳои давлатӣ доир ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодаанд. Дар давоми се моҳи соли 2016 дар ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа ҷиноятҳо ба монанди одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба он 2 адад, дуздӣ 11 адад, ҷиноятҳои содиргашта вобаста ба дигар хизматҳо 7 адад, ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содирнамуда 7 адад, дар ҳолати мастӣ 3 адад, аз тарафи шахсони доғи судӣ дошта 2 адад, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 2 адад, авбошӣ 1 адад, ошкоршавии ҷиноятҳои вобаста ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштани  яроқ 1 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам  ба қайд гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки новобаста аз чораҳои тадбир шуда истода, ҷиноятҳои ба монанди ҷиноятҳои вазнин, расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва ошкорёбии вайрон намудани қоидаи бехатарии ҳаракати роҳ нисбатан зиёд гардидааст.
Муҳтарам ҳозирин!
Қайд кардан бамаврид аст, ки рисолати азалии халқи куҳанбунёди тоҷик ободкориву созандагӣ буда, дар шаҳр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 72 иншоот, аз ҷумла 1 мактаб, 3 кӯдакистон, 2 толори варзишӣ, 20 корхонаҳои саноатӣ, 22 майдончаи варзишӣ, 4 майдони футболи хурд ва 20 хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдо сохта ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, дар маҳаллаи 19 бинои 9 ошёнаи хизматӣ барои кормандони соҳаи буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳмонхонаи 5 ситорагӣ дар соҳили рости шаҳр, кучаи Сирдарё ба истифода дода мешавад.
Боварӣ дорам, дар раванди чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифодаи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, баҳри рушду равнақи кишвари азизамон кулли сокинони шаҳр чун як тан дар раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май иштирок намуда, дар сатҳи баланд баргузории ин маъракаи сиёсиро таъмин менамоянд.
Минбаъд низ мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми имкониятҳоро барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳамчунин дар самти сохтмону ободонӣ дар доираи “500 рӯзи ободонӣ” бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳои “Соли фарди солим” ташкилу сафарбар хоҳад кард.

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...
Ҳомидов А.А. Ҳомидов А.А. Ҳомидов Абдуваҳоб Абдумаҷидович 8 июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.     Соли ...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 200...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти полит...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишгоҳи политехни...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Институт...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали донишг...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26 январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, оли 2005 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллозода А.А. Абдуллозода А.А. Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷид 6 июни соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик. Соли 1986 Омўзишгоҳи ти...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29 декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷа...
Мирзозода Шаҳло Мирзозода Шаҳло Мирзозода Шаҳло 29 марти соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат тоҷик Маълумот олӣ. Соли 2003 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳматовна 14 сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Институти давлат...
Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович 27 декабри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз196
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта830
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1026
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5205
mod_vvisit_counterҲамин моҳ16537
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21439
mod_vvisit_counterҲамагӣ822853